Медведев дар бораи орзую воқеияти Украина шухӣ кард

Як сиёсатмадори рус дар шабакаи Telegram-и худ акси маъмулиро бо шӯхӣ дар бораи интизориҳо ва воқеияти Украина ва зери навиштаи "Шумо ба зудӣ яке аз мо хоҳед буд" нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои Амнияти Русия Дмитрий Медведев шӯхӣ кард, ки интизориҳои Украина дар баробари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар кишварҳои ғарбӣ рост наомад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло он ба Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия ва Яман наздиктар шудааст. Дар канали Telegram-и худ ӯ расми маъмулиро бо шӯхӣ дар бораи интизориҳо ва воқеият зери навиштаи "Шумо ба зудӣ яке аз мо хоҳед буд" нашр кард.
Қадами Русия, ки Украина баъди он "аз тарс меларзад"
Интизориҳо бо симои рамзии Украина дар байни давлатҳои ғарбӣ ва НАТО, воқеият - симои он дар байни кишварҳое, ки дар онҳо муноқишаҳои бузург рух додаанд, тасвир карда мешаванд.
Қаблан Медведев навишта буд, ки Либия, Ироқ, Сурия ва Афғонистон қурбонии "кори миссионерии демократии" Амрико шудаанд.
Ҳамчунин, муовини раиси Шӯрои Амният муътақид аст, ки муноқишаи Украина метавонад барои муддати тӯлонӣ, шояд даҳсолаҳо идома кунад, дар шароити режими феълӣ дар ин кишвар ҳама чиз дубора рух медиҳад.