Эмомалӣ Раҳмон меҳмони хоҷагии "Бобои Алимардон" шуд

Роҳбари давлат дар ноҳияи Шаҳритус аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Бобои Алимардон" шинос шуда, ба кори деҳқонон баҳои баланд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сафар кард.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дода, афзуд, ки Эмомаолӣ Раҳмон дар ноҳияи мазкур бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Бобои Алимардон” шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд.
Манбаъ меафзояд, хоҷагии мазкур дар масоҳати 4,10 гектар замин ташкил гардида, дар он зироати гуногуни кишоварзӣ парвариш мешавад, ҳоло хоҷагидорон ба ҷамъоварии гандум, маҳсулоти полезӣ ва картошкаву пиёз машғуланд.
Давлаталӣ Саид: Дар Хатлон 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият дорад
Зикр гардид, ки дар ноҳияи мазкур дар ҳаҷми 500-700 сентнер ҳосили пиёз ба даст омада, аллакай 360 тон пиёзи барвақтӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Деҳқонони хоҷагии "Бобои Алимардон" қасд доранд, имсол то 200 сентнер ҳосили картошка, 60 сентнер ҳосили гандум ва 300 сентнер ҳосили ҳандалаку тарбуз рӯёнанд.
Котиботи президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонони ин хоҷагӣ баҳои баланд дод.
Барои роҳбари давлат, дар ҳудуди ҳамин хоҷагӣ намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ҳамаи шаш ҷамоати деҳот ва шаҳраки ноҳияи Шаҳритус ташкил карда шуд.