ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Низомиёни гурӯҳи "Ҷанубӣ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия ду гурӯҳи душманро дар наздикии Белогоровкаи Донбасс асир гирифтанд.
Яке аз низомиёне, ки дар ин амалиёт иштирок дошт, ба РИА Новости гуфт, ба яке аз ин гурӯҳҳо беш аз даҳ низомии бригадаи 81-уми артиши Украина дохил мешуд.
Дар авоили моҳи май ёвари раиси Чеченистон, фармондеҳи нерӯҳои вижаи "Ахмат" Аптӣ Алловуддинов гуфт, ки сарбозони нерӯҳои вижаи "Ахмат" ва гурӯҳи нерӯҳои "Ҷанубӣ" ба минтақаи саноатии тавлиди бор дар Белогоровка дар самти Кременск ворид шуда, қӯшунҳои Украинаро ба масофаи 1,5 километр ақиб гузоштанд.
Ба гуфтаи ӯ, Киев дар ин самт талафоти зиёд дорад. Аптӣ илова намуд, ки мубориза барои Белогоровка давом дорад.
"Мо ду гурӯҳ гирифтем: дар гурӯҳи якум беш аз 10 нафар ва дар дигараш ҳамаи ҷангҷӯёни бригадаи 81-уми қувваҳои мусаллаҳи Украина", - гуфт манбаъ.
Вай тавзеҳ дод, ки низомиёни украинӣ дар наздикии Белогоровка асир шудаанд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи дигаи амалиёт нозизудоии Украина гуфта шуд.