ЮНЕСКО шоири тоҷику форсро ба феҳристи Хотираи ҷаҳонӣ шомил кард

Миёни маҷмӯаҳои иловашуда осори мукаммали шоир ва файласуф Мавлоно Ҷалолудини Балхӣ низ ҳаст, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва кишварҳои дигар муаррифӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Асарҳои мукаммали Ҷалолиддини Балхӣ (Мавлоно) ба Феҳристи хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО дар соли 2023 шомил шудаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти ЮНЕСКО.
Барои муаррифии осори шоир ва файласуфи тасаввуфи тоҷику форс чанд кишвар: Тоҷикистон, Олмон, Булғористон, Узбекистон, Эрон ва Туркия баромад карданд.
Ба ин тартиб, ин созмон аз шомил шудани 64 маҷмӯаи ҳуҷҷатӣ ба феҳристи "Хотираи ҷаҳон", аз ҷумла осори Румӣ хабар дод.
Ба гуфтаи директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле, мероси ҳуҷҷатӣ хотираи умумии инсоният аст.
"Он бояд барои ҳадафҳои таҳқиқот ҳифз карда шавад ва он бояд ба қадри имкон дастрас бошад. Ин як ҷузъи бунёдии таърихи муштараки мост", - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки барномаи "Хотираи ҷаҳон", ки соли 1992 таъсис ёфтааст, ба пешгирии талафоти бебозгашти мероси ҳуҷҷатӣ – ҳуҷҷатҳо ё маҷмӯаҳои асарҳои дорои арзиши назаррас ва устувор, хоҳ дар шакли коғазӣ, аудиовизуалӣ, рақамӣ ва ҳам дар ҳама гуна формати дигар нигаронида шудааст.
Ҳоло он дорои 494 маҷмӯаи мероси ҳуҷҷатӣ аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон мебошад.
Ин мероси барҷастаи дорои арзиши умумибашарӣ, ки дар васоити мухталиф - аз санг то коғазe дискҳои филизӣ маҳфуз аст, ҳоло барои наслҳои оянда, аз ҷумла, дастнависҳои мусаввари форсӣ ҳифз шудаанд.
Ифтитоҳи мақбараи Мавлоно дар Хатлон бо хоки оварда аз Қуния ва дуохонии Раҳмон
Рақамсозӣ ва нашр дар Интернет мероси ҳуҷҷатиро барои мардуми тамоми ҷаҳон дастрас мекунад. Азбаски рақамикунонӣ гарон аст, ЮНЕСКО ба китобхонаҳо, бойгонӣ ва осорхонаҳо кӯмак мерасонад.
Мавлоно шоир, файласуф, олим ва фақеҳи ислом, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад.
Куллиёти Мавлоно “Маснавии Маънавӣ”, “Девони Шамси Табрезӣ”, “Фиҳи мо фиҳи”, “Маҷолиси Сабъа” ва “Мактубот”-ро дарбар гирифта, ба забони форсӣ навишта ва ба забонҳои мухталифи ҷаҳон тарҷума шудаанд.