ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Абдураҳмон Алрушайдон дархост кардааст, ки аз кишвараш ба Хатлон парвозҳои мустақим роҳандозӣ шаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, ин нуктаро сафир дар мулоқот бо раиси вилоят, Давлаталӣ Саид баён дошт.
Намояндаи Риёз зикр намудааст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ду фурудгоҳи байналмилалӣ амал мекунад ва бо назардошти густариши ҳамкориҳо хост, дар яке аз ин фурудгоҳҳо хатсайре ба Арабистони Саудӣ кушода шавад.
Зикр шудаст, ки Арабистони Саудӣ аввалин кишвари арабие мебошад, ки 11-уми январи соли 1992 Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард ва 22-юми феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст.
Давлаталӣ Саид дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардаст, ки дар оянда низ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Арабистони Саудӣ омода мебошад.
Вай изҳори боварӣ намудаст, ки сафари сафири Саудӣ ба Хатлон барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ заминаи мусоид мегузорад.