Санаи ифтитоҳи масҷиди калони Душанбе маълум шуд

Масҷиди бузурги Душанбе муштаракан аз ҷониби Тоҷикистону Қатар сохта шудааст, пас аз интизориҳои зиёд ба қарибӣ дар назар аст, ки ифтитоҳ шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Масҷиди марказии навбунёди шаҳри Душанбе, ки бузургтарин дар минтақа аст, дар даҳаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ боз мешавад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, масҷид бо ҳузури намояндагони Қатар боз мешавад.
"Дар назар аст, ки як ҳайати воломақоми қатарӣ ба Тоҷикистон ояд. Масҷид, ки бо сармояи дуҷониба сохта шудааст, дар доираи ин сафар боз мешавад",- афзуд манбаъ.
Қаблан раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода низ гуфта буд, ки аз рӯи тартибу расмиёт масҷиди мазкур бояд бо иштироки ҳарду ҷониб ифтитоҳ гардад.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Ҳазинаи сохтмони масҷид ҳудуди 100 млн доллар арзёбӣ мешуд, ки Қатар ҳудуди 70 миллион долларашро саҳмгузорӣ кардааст.
Тоҷикистон чанд масҷид дорад?
Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Масоҳати зери бинои масҷид, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат мебошад.