Мақомоти Хатлон гуфт бо 40 кишвари хориҷӣ чӣ қадар савдо кардааст

Мақомоти Хатолон мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон барои содироткунандагони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварадааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, бузургтарин вилояти Тоҷикистон бо 40 давлати хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Ба гуфтаи вай, гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2022-юм 500 млн. долларро ташкил дода, дар 4 моҳи соли равон ба 140,7 млн доллар баробар гардидааст.
Давлаталӣ Саид қайд кардааст, ки мақомоти вилояти Хатлон кӯшиш дорад барои содироткунандагони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи раиси вилоят дар соли 2022 нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят 26,0 миллиард сомониро ташкил дода.
Давлаталӣ Саид: аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон талаф меёбад
“Дар ҳамаи бахшҳо зиёда аз 1,1 миллион тонна ғалладона, 1,6 миллион тонна сабзавот, 676,8 ҳазор тонна полезӣ, 224,5 ҳазор тонна картошка, 273,2 ҳазор тонна пахта, 237,8 ҳазор тонна меваҷот ва 125,5 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст”, - зикр кард раиси Хатлон.
Давлаталӣ Саид ёдрас шуд, ки хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамкории судмандро бо яке аз ширкатҳои калони ҷумҳурӣ ҶСК “Оби зулол” ба роҳ мондаанд, ки дар давоми як моҳи охир 292 тонна зардолуро ба маблағи 583 ҳазор сомонӣ барои коркард харидорӣ намудаанд.
Вай илова кард, ки рӯзҳои наздик ширкати номбурда харидории олуро ҳам аз вилоят оғоз менамояд.