ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Хонандагони синфи 1-уми макотиби Тоҷикистон аз фардо ба таътили тобистона мебароянд.
Барои хурдтаракони боғи дониш имрӯз, машғулияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба анҷом мерасад.
Дар ин бора, фармоиши вазири маорифи Тоҷикистон "Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон" ба тасвиб расид.
Бояд гуфт, ки дарсҳо барои хонандагони синфҳои 2-11 - 1 июни соли 2023 ба анҷом мерасад.
Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и мактабҳо (рӯзона) аз 3 то 10 июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки теъдоди хонандагони макотиби миёна дар Тоҷикистон дар замони Истиқлол қариб 1 млн нафар бештар шуд.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар мактабҳои кишвар 2,3 млн хонанда таҳсил доранд.
Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда соли 1991 каме бештар аз 1,3 млн нафар буд.
Манбаъ афзуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 3,4 ҳазор муассисаҳои таълимии нав бунёд карда шуданд.