ФСБ аз ҳамалоти террористии хадамоти Украина дар нерӯгоҳҳои атомӣ пешгирӣ кард

Дар Русия аз ҳамлаи террористии хадамоти вижаи Украина ба ду нерӯгоҳи атомӣ ҷилавгирӣ шуд: диверсантҳо, нақшаи боздоштани кори нерӯгоҳҳои атомиро доштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. ФСБ аз ҳамлаи террористӣ алайҳи иншооти энержии атомӣ дар Русия пешгирӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Хадамоти федеролии амният.
Нақшаи ҳамлаи террористии тарҳрезишудаи хадамоти вижаи Украина дар нерӯгоҳҳои атомии Ленинград ва Калинин, яъне тахриби хатҳои интиқоли барқ ​​барбод рафт.
Онҳо мехостанд, ки дар рӯзи Ғалаба амали террористӣ анҷом диҳанд.
"ФСБ-и Русия аз ҳамлаи террористӣ ба иншооти нерӯгоҳи ҳастаӣ, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Украина тарҳрезӣ шуда буд, пешгирӣ кард", — гуфта мешавад дар гузориш.
Дар остонаи рӯзи 9 май як гурӯҳи террористии Хадамоти иктишофии хориҷии Украина "талош кард, ки беш аз 30 манораи интиқоли нерӯи барқи баландшиддати" нерӯгоҳи атомиро вайрон кунад.
Ин, мувофиқи нақшаи иғвогарон, бояд "ба хомӯш шудани реакторҳои атомӣ, вайрон шудани кори муътадили истгоҳи атомӣ оварда ва зарари калони иқтисодӣ мерасонд".
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки террористон тавонистаанд як сутуни хати интиқоли нерӯи барқи нерӯгоҳи атомии Ленинградро тарконанд ва чаҳор сутуни онро мина гузоранд, инчунин дар зери ҳафт сутуни нерӯгоҳи барқи атомии Калинин маводи тарканда ҷойгир кунанд.
Медведчук: Нақшаи Зеленский барои Украина сулҳомез нест
Бояд гуфт, ки нерӯгоҳи атомии Ленинград, бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Русия аз рӯи иқтидор, дар наздикии шаҳри Сосновий Бор ҷойгир аст.
Ва нерӯгоиҳ амтомии Калинин дар вилояти Твер дар наздикии шахри Удомля воқеъ аст.