Эмомалӣ Раҳмон дар Шӯрои иқтисодии АвруОсиё дар Маскав ширкат мекунад

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба мулоқот ҳамроҳ шуда ва барои нахустин бор раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ҳайси меҳмон ширкат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои иқтисодии АвруОсиё дар Маскав тариқи алоқаи видеоӣ ширкат мекунад.
Дар ин бора, сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар баробари Раҳмон дар нишаст раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ба мулоқот ҳамроҳ мешавад.
Ҳамчунин, барои нахустин бор раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ба ҳайси меҳмон ширкат хоҳад кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёро дар Маскав раҳбарӣ мекунад.
Вай ҷараёни иҷрои авлавиятҳои раёсати Русия дар ин иттиҳодияро дар соли 2023 баррасӣ хоҳад кард.
Кишварҳои ИИАО қодиранд як зумра маҳсулоти воридотиро бо худӣ иваз намоянд
Қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ ба таври усулӣ ба муттаҳидони Русия дар ИИАО ва ИДМ фишор оварда, ба онҳо "кӯҳҳои тиллоӣ" ваъда медиҳанд.
Вай таъкид кард, ки худи давлатҳои иттифоқчӣ кушиш мекунанд, ки коре накунанд, ки зарари иқтисодй расонад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои НАТО шабакаи иттиҳодияҳои ғайриҳукуматиро дар Осиёи Марказӣ, ки аз буҷаи ИМА, Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, тавсеа медиҳанд.