ВУХ ба сафири Русия: Латукӯби донишҷӯёни тоҷик ба ҳамкориҳо таъсири манфӣ мерасонад

Мақомоти Тоҷикистон нигаронии худро ба сафири Русия дар Душанбе вобаста ба боздоштҳои оммавии беасоси муҳоҷирон ва латукӯби донишҷӯёни тоҷик баён кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ахиран сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорер ба вазорати хориҷаи кишвар даъват шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷа.
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорьев баргузор гардид.
Ба иттилои вазорати хориҷаи дар вохури ба сафир аз нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон аз хабарҳо дар бораи боздоштҳои оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаҳои гуногун дар қаламрави Русия ба таваҷҷӯҳи ӯ расонида шуд.
Дар ин мулоқот зарурати вокуниши муштарак ба мушкилоти мавҷуда ва сар задани мушкилоти муҳоҷират, инчунин андешидани тадбирҳои муштараки ҳамоҳангшуда, ҳангоми таҳияи тадбирҳои имконпазир дар умури муҳоҷират қайд карда шуд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҳодисаи рӯзи 19 май, ки дар хобгоҳи рақами 3-и Муассисаи таҳсилоти олии буҷетии федералии давлатии "Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур"-и Хабаровски Русия баррасӣ шуд.
Раҳбарони ниҳодҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон дар Маскав мулоқот карданд
Ёдовар мешавем, ки дар хобгоҳ беш аз сад донишҷӯйи тоҷик мавриди бозпурсӣ ва бадрафторӣ аз сӯи мақомоти интизомии Русия ва донишҷӯёни ин донишгоҳ қарор гирифтаанд.
Дар ин дидор, таъкид шуд, ки чунин ҳодисаҳо ба руҳия ва ҳамкориҳои шарикӣ ва стратегии Тоҷикистону Русия мувофиқат намекунанд ва метавонад ба талошҳои ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф таъсири манфӣ расонанд.
Ёдовар мешавем, ки беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия рӯзи 19-уми май аз сӯйи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск латукӯб шуданд.
Ба гуфтаи донишҷӯён, дастаи ОМОН ҳамроҳи кормандони Хадамоти нерӯҳои федерол дар хобгоҳи Донишгоҳ бе огоҳӣ ва бе пурсиш заданд. Муҳассилони тоҷик гуфтанд, сабаби чунин рафторро намедонистанд.
Як донишҷӯ, гуфтааст, ки як моҳ пеш як донишҷӯйи тоҷик боздошт шуда буд ва онҳо намедонистанд, сабабаш чист. “Дар ҷаласаи рӯзи 23-юми май гуфтанд, ин амалиёт ба тақҳқиқи ҳамон ҳодиса пайванд дорад. Маъзарат ҳам нахостанд. Танҳо гуфтанд, ки метавонед телефонҳоро гиред,” – афзуд мусоҳиби мо.
Донишҷӯёни тоҷик иддао доранд, ки онҳоро на тафтиш, балки бераҳмона шиканҷа карданд.
Мантуров: Тоҷикистону Русия паркҳои саноатӣ месозанд
Дар ҳамин ҳол, ахиран масъулони Донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия сабаби латукӯби донишҷӯёнро аз тарафи нерӯҳои вижаи минтақаи Хабаровск шарҳ додаанд.
Дар ҷаласае, ки рӯзи 24-уми май дар ин Донишгоҳ бо донишҷӯён баргузор шуд, гуфтаанд, амалиёти низомиён дар хобгоҳ эҳтимол ба боздошти як муҳассили тоҷик рабт дошт. Ӯро ба гумони "фиристодани пул ба террористон" дастгир кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки раиси донишгоҳ Эдуард Дмитриев дар канали Telegram-и худ латукӯби дастҷамъии донишҷӯёнро рад кардааст.
Ба гуфтаи вай, маъмурони хадамоти муҳоҷират дар донишгоҳ санҷиш гузаронданд.
"Ҳангоми тафтиш чор донишҷӯ аз Тоҷикистон ба пулис халал расонданд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин ҳолат пешгирӣ карданд," -- афзудааст ӯ.