ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран гуфт, ки артиши Русия дар самтҳои ҷануби Донетск ва Запорожие дар як рӯз то 125 сарбоз ва 4 техникаи низомии украиниро нобуд кардаанд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар хати ҷабҳаи ҷанбуи Донетск ва Запорожие зарбаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаии гурӯҳи низомии "Восток" ба воҳидҳои душман минтақаи Угледар, Шевченкои Ҷумҳурии Мардумии Донетск ва инчунин дар минтақаи Малая Токмачка, Марфопол ва Каменский дар Запорожие сурат гирифт.
"Талафоти душман дар ин минтақаҳо 125 низомии украинӣ кушта ва захмӣ, се мошин ва тӯпи худгарди "Мста-Б"-ро ташкил дод", — гуфт вазорати дифоъ.
Дар навбати худ, дар як рӯзи гузашта дар самти Херсон то 25 низомии украинӣ, як як тӯпи худгарди Мста-Б ва ду мошини зиреҳпуш нобуд карда шуданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Вазифаҳои амалиёт инчунин аз нозизудоии Украина иборатанд.