ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ҳайати раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои табодули таҷриба бо ҳамкасбони рус вориди Маскав шуд.
Дар ин бора, дар хадамоти матбуоти Сарраёсати пулиси пойтахт хабар доданд.
Меҳмонони хориҷӣ чанд рӯз дар Маскав буда, бо нерӯҳои амниятии Русия масъалаи ташкили ҳамкориҳои байналмилалӣ дар заминаи кумаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноиро баррасӣ мекунанд.
Сардори Сарраёсати тафтишотӣ генерал-майори адлия Виктор Городков бо сухани ифтитоҳӣ таъкид кард, ки сафари ҳайат аз сатҳи баланди шарикии кишварҳо шаҳодат медиҳад.
Инчунин, барои кормандони милитсияи тоҷик дар осорхонаҳои Сарраёсати тафтишотӣ ва Раёсати кофтукови ҷиноии Маскав сайёҳат баргузор карданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соҳиби саҳифаи қалбакии шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалиро дар Facebook* меҷӯяд.
Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кардааст, ки саҳифаи қалбакӣ ба шаҳрдори пойтахт ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон рабте надорад.
* Фаъолияти Meta (шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram) дар Русия ҳамчун экстремистӣ манъ аст.