ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати алюминийи тоҷик" шинос шуд.
Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и "Ширкати алюминийи тоҷик" бо дарназардоштаи талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.
Таҷдиди "Талко" аз ҷониби ширкатҳои чинӣ бо истифода аз навтарин технологияҳои системаи автоматонии идораи равандҳои технологӣ ва таъминоти худкори гилхок сурат мегирад.
"Ҷорӣ намудани технологияи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот бо навсозии пурраи силсилаҳои 5 ва 6-и "Ширкати алюминийи тоҷик" то соли 2027 иқтидори истеҳсолиро то 300 ҳазор тонна дар як сол мерасонад", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки паз аз навсозии пурра ва дубора ба фаъолият оғоз кардани силсилаҳои мазкур 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам мешавад.
Таъкид гардидаст, ки дар пайи навсозӣ арзиши маҳсулоти ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Аз ҷумла истифодаи қувваи барқ зиёда аз як маротиба коҳиш дода шуда, маҳсулнокии гилхок, алюминийи фтордор, криолит ва анод ба маротиб беҳтар карда шавад.
Масъулини "Талко" мегӯянд, технологияи мавҷудаи электролизёрҳо дар ширкат, ки қисми зиёди онҳо ба солҳои пеш тааллуқ доранд, аллакай куҳна гардида, боиси талафёбии гилхок ва ифлосшавии он шуда, хароҷоти меҳнатро афзун менамоянд.