Ҳудуди бузурги иқтисодӣ: Суханронии Путин дар форуми иқтисодии АвруОсиё

Раҳбари Русия дар бораи самтҳои асосии фаъолияти кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва вазифаҳои дар пеш истодаи ин иттиҳодия, изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нуфузи худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият медиҳад.
Ӯ зимни суханрониаш дар Форуми иқтисодии АвруОсиё дар Маскав изҳор дошт, ки ҳамгироии давлатҳо дар доираи иттиҳодия бомуваффақият идома дорад ва аъзои иттиҳод ба таври судманд ҳамкорӣ доранд.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳузури доираи васеи шахсони расмӣ, ки дар форум, коршиносон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии бисёри кишварҳо ва инчунин афзоиши мунтазами ҳаҷми табодули коло дар дохили иттиҳодия аз ҳамин кори судманд шаҳодат медиҳад.
Путин таъкид кард, ки Русия ҳамеша дар масъалаи шарикӣ бархурди масъулиятнок ва софдилона дорад ва тамоми созишномаҳоро комилан иҷро мекунад.
"Пеш аз ҳама, мо ин корро дар робита ба кишварҳои Ииттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё анҷом медиҳем ва идома хоҳем дод", - афзуд ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: бесуботӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст
Президент самтҳои асосии фаъолияти Русияро дар доираи иттиҳодия номбар кард.
Оқои Путин, пеш аз ҳама, корҳо дар бораи бунёди занҷирҳои нави логистикӣ, аз қабили долони Шимол-Ҷануб, ки ба зудӣ қодир аст бо роҳҳои анъанавии тиҷоратӣ рақобат кунад, қайд кард.
Русия инчунин барои ташаккули як низоми молиявии ғайримутамарказ саҳми асъори кишварҳои ғайридӯстро дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобил ба нафъи пули миллӣ коҳиш хоҳад дод.
"Ҳар қадар ғайримутамарказ бошад, ҳамон қадар барои иқтисоди ҷаҳонӣ беҳтар аст", - гуфт Путин.
Таъмини соҳибихтиёрии технологӣ, истиклолияти илмӣ ва кадрҳои истеҳсоли махсулоти рақобатпазир вазифаи муҳими аксари кишварҳои иттиҳодия мебошад.
"Ин маънеи қалби истиқлолияти иқтисодӣ ва аз ин рӯ сиёсӣ аст", гуфт раисҷумҳури Русия.
Владимир Путин илова кард, ки Русия барои ба ҳам наздик кардани барномаҳои илмӣ ва таълимӣ дар фазои АвруОсиё фаъолона кор мекунад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Хотима додани ҷанг": Путин дар бораи ҳадафҳои амалиёти вижа сухан гуфт
Барои ин муттаҳидсозии стандартҳои таълимӣ ва ҳам таҳияи низомҳои мустақил ва китобхонаҳо барои муҳаққиқони тамоми кишварҳои Иттиҳоди АвруОсиё ташкил карда мешавад.
Путин масъалаҳои асосиро, ки дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё, ки қарор аст 25 май баргузор мешаваду дар он баррасӣ мешавад, баён кард.
Аз ҷумла, дар ин ҷаласа масоили амиқтар кардани ҳамгироии байни давлатҳо, мушкилоти амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, истиқлолияти технологӣ ва молиявӣ, суръат бахшидан ба трансформатсияи рақамӣ, рафъи монеаҳои танзимию тиҷоратӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ баррасӣ мешаванд.