ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид гуфт, ки дар вилоят соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда дониста мешавад.
Ба гуфтаи вай ҳоло дар вилояти Хатлон наздик ба 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ фаъолият доранд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят соли гузашта зиёда аз 2,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил намуд.
Вай афзуд, ки ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад.
“Аз ҷумла, 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ дар вилояти Хатлон истеҳсол гардидааст”, - таъкид кард Давлаталӣ Саид.
Ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон ҳамасола дар вилоят зиёда аз 250 ҳазор тонна пахта 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, ангур ва зироатҳои полезӣ, инчунин 1 миллион адад пӯсти моли калону майда ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол карда мешавад.
“Ҳамчунин кишоварзони вилоят ҳамасола ба кишварҳои хориҷи наздику дур беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунанд”, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид.