Дар маҷлиси миллии Арманистон миёни вакилони ҳизби ҳоким ва мухолифин занозанӣ рух дод.
Пас аз суханронии узви ҳизби " "Айастан", собиқ шаҳрдори Сисиан Артур Саркисян, бо намояндаи ҳизби "Қарордоди шаҳрвандӣ" Овик Агазарян ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифт, ки ба занозанӣ мубаддал шуд. Дигар вакилон низ ба ин ҷанҷол ҳамроҳ шуданд.
Барои ҷилавгирӣ аз занозанӣ, раиси парлумон Ален Симонян ба хадамоти амният дастур дод, ки вакили мухолифро аз толор берун кашанд. Мухолифро берун карданд, вале Саркисян амали посбонҳоро ғайриқонунӣ хонд ва ваъда дод, ки онҳо "ба ин рафторашон ҷавоб хоҳанд дод".
Вақте мухолифинро аз толори нишаст берун карданд, миёни онҳо ва маъмурони амниятӣ задухӯрд ба амал омад. Вакилони мухолиф ҳайрон буданд, ки чаро онҳоро берун мекунанд, аммо намояндагони ҳизби ҳокимро на.
Бояд гуфт, ки чанде аз намояндагони "Қарордоди шаҳрвандӣ" низ ба долон баромада, вазъиятро мехостанд ором созанд.
Баъдан, вакили ҳизби мухолиф Ҳаястан Ишхон Сагателян дар шарҳи ин ҳодиса гуфт, вақте Артур Саркисян суханашро анҷом дод, вакили парлумон Овик Агазарян аз пашти ӯ дод зад: "Шинед ва аз ҷой такон нахур".