Дар Русия мехоҳанд маоши муҳоҷиронро ба музди шаҳрвандон баробар кунанд

Раҳбари ҳизби "Русияи одил- барои ҳақиқат" Сергей Миронов дар бораи ҳуқуқи коргарони хориҷӣ як қатор пешниҳодҳо ироа кард, ки якеаш баланд бардоштани маош аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Корфармоёни Русия метавонанд ба муҳоҷирони корӣ на камтар аз шаҳрвандони Русия маош диҳанд.
Чунин пешниҳодро раҳбари ҳизби "Русияи одил - Барои ҳақиқат" Сергей Миронов ба нахуствазир Михаил Мишустин фиристодааст.
"Дар сатҳи қонунгузорӣ корфармоён вазифадор карда шаванд, ки сатҳи маоши муҳоҷирони меҳнатиро на камтар аз он муқаррар кунанд, ки шаҳрвандони Русия дар вазифаҳои шабеҳ дар субъекти дахлдори Русия мегиранд", - пешниҳод кард Миронов.
Тавре сиёсатмадор афзуд, вайронкунандагони ин қоида бояд ҷарима шаванд ва ҷаримаҳо барои беҳбуди зиндагии оилаҳои серфарзанд истифода шаванд.
Фонди пуштибонӣ, ба ақидаи ӯ, метавонад аз ҳисоби андозҳои изофӣ барои истифодаи меҳнати муҳоҷирон низ ташкил шавад.
Илова бар ин, Миронов тавсия дод, ки ҷарима барои корфармоён барои напардохтани ҳаққи суғуртаи коргарони хориҷӣ аз 20 то 100%-и ин маблағ афзоиш дода шавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки муносибати русиягиҳо нисбат ба муҳоҷирони корӣ, беҳтар шудааст.
Муносибати русиягиҳо ба муҳоҷирон беҳтар шудааст
Саҳми шаҳрвандоне, ки нисбат ба хориҷиён эҳсоси манфӣ надоранд, дар соли 2022 80,9 фоизро ташкил дод, дар ҳоле, ки як сол қабл ин нишондод дар сатҳи 74,6 фоиз буд.