Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Шаъну эътиборро паст заданд: Раҳмон судяҳои воломақомро барканор кард

Президенти Тоҷикистон бо содир намудани фармони ҷадид се судяро ба сабаби ба синни нафақа расидан ва дуи дигарро ба далели нақзи қонун аз вазифа озод кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миёни додрасҳо тағйироти кадрӣ амалӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.
Тибқи гузориши манбаъ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсия президент, Холматзода Сафаралӣ Қурбонро аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод кардааст.
Ҳамчунин кишвардор, Қодирзода Ҳасан Нуруллоро аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон ва Муҳидинзода Сайфидин Салоҳро аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон озод намудааст.
Сабаби аз вазифа озод намудани ин се масъулин, расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан гуфта шудааст.
Тағйироти кадрӣ дар судҳои олӣ бо пешниҳоди Раҳмону ҷонибдории парлумон
Тибқи фармони раисиҷумҳур ҳамчунин, Садриддинзода Насрулло аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва Қодирзода Зафар Абдураҳим аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор шудаанд.
Онҳо бошанд, бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифа ронда шудаанд.
Президент судяҳои нав дар ВМКБ-ро таъйин кард: Киҳоянд?