Эрдуғон нақшаашро дар сурати пирӯзӣ эълон кард

Раисҷумҳури феълии Туркия эълон кард, ки дар Конститутсияи нав назару пешниҳодҳои аҳзоби дигари фаъол дар кишвар баррасӣ ва ба назар гирифта хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар Туркия қонуни асосии нав қабул хоҳад шуд, ваъда дод раисҷумҳури феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Вай дар суҳбат бо шабакаи телевизионии TRT, таъкид намудаст дар сурати пирӯзӣ дар даври дуюми интихобот вазифаи асосияш таҳияи Конститутсияи нав хоҳад буд.
"Корҳои заруриро дохили ҳизбамон мегузаронем. Дар байни ҳизбҳо муколама, ҷустуҷӯи ризоият мешавад. Агар онҳо пешниҳоде кунанд, мо онро мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод", - гуфт Эрдуғон.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол Эрдуғон ба қонуни асосии кишвараш тағйирот пешниҳод карда, аз ҷумла кишварро аз парлумонӣ ба президентӣ табдил дода, салоҳиятҳои раисҷумҳурро зиёду мақоми сарвазирро лағв намуд.
Туркия дар масъалаи таҳримҳо алайҳи Русия ба хости Ғарб амал намекунад: Эрдуғон
Дар интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд. Рақиби Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Камол Қиличдароғли 74-сола буд. Номзади мухолифинро 7 ҳизби Туркия ҷонибдорӣ карданд.
Эрдуғон дар даври аввал беш аз 49% ва Қиличдароғлу ҳудуди 45%-и овозҳоро ба даст овард. Номзади сеюм Синон Огани 55-сола ҳудуди 5%-ро соҳиб шуд.
Номзади охирин аз ҷиноҳи Memleket, Муҳаррем Инҷ буд, ки се рӯз пеш аз интихоботи даври аввал аз номзадии худ даст кашид ва тавзеҳ дод, ки ин корро зери бори туҳматҳо алайҳи ӯ ва наздиконаш кард.
Дар даври дуюми интихоботи президентии Туркия, ки 28 май таъйин шудааст, собиқ номзад аз эътилофи Отатурк Синон Оган аз раисҷумҳури феълӣ пуштибонӣ мекунад.