Довталабони тоҷик бо таҳсил дар Русия ва Белорус шинос шуданд - видео

Толибилмони тоҷикистонӣ бо имкониятҳои таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Русия ва Белорус шинос гардида, ба суолҳояшон посух гирифтанд
Sputnik
Намоишгоҳи байналмилалии "Маорифи Русия ва Белорус" дар саҳну атрофи Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд ҷавонону волидонашонро ҷамъ овард.
Бино ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмиллалӣ ба ҳисоби 31 донишгоҳҳои Русия намояндаи 10 донишгоҳи кишвари Белорус низ ширкат кардаанд.
Масъулони донишгоҳҳо ба садҳо донишомӯзи тоҷик дар бораи имкониятҳои таҳсил ва шартҳои дохилшавӣ ба макотиби олӣ маълумот доданд.
Гуфта мешавад, ки ин намоишгоҳҳо дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, намояндагии "Россотрудничество" дар ҷумҳурӣ ва сафоратҳои Русияву Беларус дар Душанбе баргузор карда шудаанд.
Русия теъдоди квотаҳоро барои довталабони тоҷик афзоиш дод
Ахиран чунин намоиши байналмиллалии “Маорифи Русияву Белорус” дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Дар Тоҷикистон хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳо дар Русия ва Белорус зиёд мебошанд. Маскав ҳамасола шумори квотаҳоро барои довталабон аз Тоҷикистон зиёд мекунад.
Бар асоси ҳамкории вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия шумори квотаҳо барои соли хониши 2023 -2024 ба 1000 адад расонида мешавад.