ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар қаламрави Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Маркази мониторинги сейсмикӣ ва пешгӯии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон, маркази зилзила дар ноҳияи Ҷирми вилояти Бадахшон, дар тақрибан 50-километрии марзи Тоҷикистон воқеъ будаст.
Шиддати заминларза 5 бал арзёбӣ шудаст. Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон, маркази заминларза дар умқи 188 километр воқеъ будааст.
Дар мавриди паёмадҳои ин заминҷунбӣ ҳанӯз иттилое дода нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон дар шимоли Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ заминларза ба қайд гирифта шуд.
Он замон мақомот шиддати заминҷунбиро то 6 бал арзёбӣ намуданд. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 53 хонаю иншооти сокинон қисман ва 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ тахриб гардида, инчунин 120 сар чорвои сокинон талаф ёфта буд.
Масъулони ситод оид ба бартарафсозии паёмади заминҷунбӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодисаи харобиовар ба ин ноҳияи дурдасти шимоли Тоҷикистон дар умум 4,2 млн сомонӣ зарар расидааст.
Мақомоти ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хонаҳои нав барои зарардидагон дар оғози моҳи июл пурра ба анҷом расонида шаванд.
Таъкид шудааст, ки бунёди хонаҳо бо саҳми блогерону саховатмандон ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар амалӣ мешавад, ки то ин вақт ба зарардидагони зилзила ёриҳои башардӯстонаи худро аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, маблағ ва маводи озуқаворӣ расониданд.