Тошканд созишнома бо Душанбе дар мавриди "форс-мажор" дар фазоро тасвиб кард

Тарафҳо минбаъд метавонанд дар сурати рух додани ҳолатҳои ғайричашмдошт барои убури кӯтоҳмуддати ҳарими ҳавоии ҳамдигар иҷозат дархост кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонун дар бораи тасвиби Созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро имзо кард.
Бар асоси санади мазкур, Мирзиёев созишномае бо Тоҷикистонро тасвиб кард, ки ҳамкорӣ дар мавриди истифодаи мутақобилаи ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои ҳамдигарро дар сурати рух додани ҳолатҳои форс-мажор пешбинӣ кардаст.
Созишномаи мазкур аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон моҳи феврал аз ва ҷониби палатаи болоӣ дар аввали май тасдиқ карда шуд.
Созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар барои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир ё "форс-мажор" аз ҷумлаи санадҳое мебошад, ки моҳи июни соли 2021 дар ҷараёни сафари Мирзиёев дар Душанбе имзо шуд.
Раҳмону Мирзиёев таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Мақомоти Тоҷикистон ин санадро қаблан тасвиб карда буданд.
Сенати Ӯзбекистон қаблан зимни шарҳи аҳамияти ин созишнома изҳор дошта буд, ки тибқи ин санад ҷонибҳо ҳақ доранд, ки барои убури кӯтоҳмуддати ҳарими ҳавоии давлати мизбон дар сурати рух додани ҳолатҳои рафънопазир иҷоза дархост кунанд.
Тасдиқи ин санад ба таъмини минбаъдаи амнияти парвозҳо хидмат мекунад, таъкид намуд палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳбуд ёфта, созишномаҳои нави ҷадид дар бахшҳои мухталиф имзо гардида, табодули коло миёни Душанбе ва Тошканд ба маротиб боло рафт.