ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Чин масъалаи таъсиси Академияи синамои Авруосиё баррасӣ мешавад.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба коргардони рус Никита Михалков хабар додааст.
"Ба қарибӣ нахуствазири мо, ҷаноби Мишустин ба Чин парвоз мекунад ва дар барномаи ӯ музокирот дар бораи таъсиси академия бо раҳбарони олирутбаи Чин ворид шудаст", - гуфт Михалков.
Ба гуфтаи ӯ, таъсиси як созмони фарҳангӣ агар фаротар аз ҳудуди давлатҳои узви ИДМ бошад, дорои аҳамият хоҳад буд.
"Баъд аз он ки, ба назари ман, панҷ кишвар дар бораи таъсиси академия як ёддоштро имзо мекунанд, ҳама ҳамроҳ мешаванд, Нахуст ёддошти тафоҳумро Русия, Беларус, Чин, Ҳиндустон ва Эрон имзо мекунанд. Фикр мекунам, эҳтимол соли оянда ин рух диҳад", - афзуд мудир.
Ёдовар мешавем, ки ин ибтикор аз ҷониби Михалков дар ҷаласаи Форуми иқтисодии АвруОсиё дар Бишкек моҳи майи соли 2022 эълон шуда буд.
Вай ба ҷуз аз академия таъсиси ҷоизаи нав - "Оскари Авруосиё"-ро низ пешниҳод кардааст.
"Дар он асарҳое иштирок хоҳанд дошт, ки ба идеалҳое, ки мо таҳия мекунем, мувофиқат мекунанд, на расмҳое, ки моҳияти инсонро вайрон мекунанд", - таъкид кард Михалков.