Болоравии нархи бензин дар Хуҷанд

Ба таври назаррас боло рафтани нархи на танҳо бензин, балки гази моеъ, метавонад боиси болоравии нархи таксӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии Суғд шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Дар Хуҷанд қимати маводи сӯхт ба таври назаррас боло рафт.
Бензини АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маҳаллӣ бо нархи 8,80 сомонӣ, АИ-95 9,20 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 11,20 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар тоблои электронии НФС болоравии навъи дигари сӯзишворӣ низ нишон дода шудааст - як литр гази моеъ бо нархи 4,00-4,10 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Соҳибони мошинҳо шикоят доранд, ки то охири ҳафтаи гузашта болоравии нави нархи гази моеъро мушоҳида кардаанд. Чанд рӯз пеш қимати як литр гази моеъ аз 3,80 то 3,90 сомониро ташкил медод.
Газ арзону бензин гарон: Тағйири қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар cоли нав
Дар мавриди қимати қиёсии нархи бензин, як моҳ қабл дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ АИ-92 8,00 сомонӣ, АИ-95 8,40 ва сӯзишвории дизелӣ 11,50 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ болоравии қимати маводи сӯхтро ба ворид шудани маводи сӯхт ба кишвар марбут медонанд, ки зоҳиран коҳиш ёфтааст.
Бояд гуфт, ки аксари ронандагони тоҷик – беш аз 60% – фаъолона аз гази моеъ истифода мебаранд. Болоравии қимати маводи сӯхт ҳатман ба қимати таксиҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд таъсир мегузорад.