ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ғунучин ва содироти пиёзи барвақтӣ аз тариқи гузаргоҳҳои гумрукӣ дар Суғд ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, густариш ёфтааст.
Содироти маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба хориҷи кишвар умдатан аз тариқи гузаргоҳҳои гумрукии вилояти Суғд сурат мегирад.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар умури растанипарварӣ ба Sputnik Тоҷикистон ҳаҷми содироти пиёз давоми даҳ рӯзи охирро шарҳ дод.
"Тибқи маълумоти идораи гумрук то ҳол аз қаламрави вилоят 20 ҳазор тон пиёзи барвақтӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Русия содир шудааст" - гуфт Маҳмудзода.
Бино ба омори идораи кишоварзӣ соли гузашта 67 ҳазор тон сабзавот, аз ҷумла 62 ҳазор тон пиёз ва беш аз 60 ҳазор тон меваҷот аз ҷумла наздики 8 ҳазор тон меваи тар ва беш аз 2,5 ҳазор тон ангур ба хориҷи кишвар содир шуда буд.
Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд афзуд, соли дар майдони зиёда аз 4 ҳазор га кишти пиёз гузаронида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 700 га васеътар мебошад.
Соли гузашта дар шаҳру навоҳии Суғд 3,4 ҳазор га пиёз кишт шуда, аз ин ҳисоб 157 ҳазор тон ё 405 сентнерӣ ҳосил ба даст омада буд. Бино ба ҳисоби кишоварзон ин нишондиҳандаи хуб арзёбӣ мешавад, аммо чанд моҳи охири соли гузашта нархи пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа баланд шуда, марзи 10 сомониро убур кард.
Зимнан бо расидани ҳосили нави пиёз ба бозорҳо арзиши он ба таври табиӣ коҳиш ёфта то 2 ва 4 сомонӣ поён шудааст. Масъулони идораи кишоварзӣ мегӯянд, алҳол заминаи хубе барои содироти ин навъ маҳсулот дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тавассути қатор фароҳам шудааст.