ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳамадтақии Собирӣ ахиран эълом кард, чаҳорумин рӯзи парвозӣ барои анҷоми сафарҳои мустақим миёни ду кишвар, аз рӯзи панҷшанбеи 8 июни 2023 барқарор хоҳад шуд.
“Салом дӯстони азиз, хушҳолам ки ба иттилоъ бирасонам, чаҳорумин парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе, муаррихи 8 июни 2023 мелодӣ бо парвози ширкати ҳавопаймоии "Вориш" дар масири Теҳрон - Душанбе - Теҳрон оғоз мешавад”, - навиштааст оқои Собирӣ дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаи иҷтимоӣ.
Вай таъкид кардааст, ки бо пайгириҳои анҷомшудаву мувофиқати Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон ва Тоҷикистон, чаҳорумин парвози мустақим ба манзури рифоҳи ҳоли шаҳрвандони азизи ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва сабукӣ дар сафари гардишгарон анҷом мешавад.
Бар асоси барномаи эъломшуда аз сӯи ширкати ҳавопаймоии "Вориш", ин парвоз аз таърихи 8 июни 2023 дар рӯзҳои панҷшанбеи ҳар ҳафта ва дар соати 7 субҳ аз фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнии Теҳрон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе анҷом ва баргашти он ба Теҳрон дар соати 12: 30 ҳамон рӯз хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 се парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии "Вориш" ва "Сомон –Эйр" дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа ҳар ҳафта дар масири Теҳрон - Душанбе - Теҳрон ва дар масири Машҳад - Душанбе - Машҳад низ дар рӯзҳои панҷшанбе барқарор шудааст, ки тибқи барномаи ҷадиди ин парвоз дар рӯзҳои сешанбе ҳар ҳафта анҷом хоҳад шуд.
Сафири Эрон дар Душанбе афзудааст, ки қабл аз барқарории ин парвозҳои мустақим, шаҳрвандони Эрону Тоҷикистон ногузир буданд аз масири ғайримустақим ва аз тариқи кишварҳои сеюм мусофират намоянд, ки илова бар афзоиши ҳазинаи сафар, муҷиби тӯлонӣ шудани замони сафар низ мешавад.
“Бо иноят ба тавсеаи равобити ду кишвари ҳам фарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар ҳавзаи гардишгарӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон ва бо баҳрагирии бештар аз зарфияти ширкатҳои ҳавопаймоии эрониву тоҷикистонӣ, умедворем теъдоди парвозҳои мустақим байни ду кишвар дар оянда боз ҳам афзоиш ёбад”, - зикр кард Муҳамадтақии Собирӣ.