104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони кишвар тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони кишвар аз Сурия тавассути ҳавопаймои махсус ба Ватан баргардонида шуданд.
Манбаъ таъкид кард, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нафарони ба Ватан баргардонида шударо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки бо дархости ҷониби Қазоқистонӣ, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли гузашта аз ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омада буд.
“Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд”, - таъкид доштааст вазорати умури хориҷа.
Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт он замон дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.
Аз Сурия ба Тоҷикистон занон, наврасон ва тифлони хурдсол баргардонида мешаванд
Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".
Қабла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.