Мақомдорони Суғд барои таҷлили Рӯзи ҷавонон ба дави оммавӣ баромаданд – видео

Дар қатори даҳҳо сокинони касбу кори гуногун, мақомдорони ҳукумати вилояти Суғд барои иштирок ба дави миллӣ ба кӯчаҳои Хуҷанд баромаданд
Sputnik
Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар Хуҷанд соати 7 и субҳ оғоз шуд. Дар он даҳҳо сокини оддӣ, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва идораҳои ҳукуматӣ ба ҳисоби раиси вилояти Суғд иштирок карданд.
Гуфта мешавад баргузории ин чорабинӣ бо фармони раисиҷумҳури кишвар доир карда мешавад.
Дар фармоне, ки соли 2007 президент Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ" содир карда буд, гуфта мешавад, ки дар ин гуна маъракаи варзишӣ ҳамаи масъулони идораҳои давлатӣ муваззафанд, ки дар канори ҷавонон иштирок кунанд.
Баргузории дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Хуҷанд
Ҳадаф аз баргузории ин дави миллӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни ҷавонон гуфта мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегуяд, марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ дар Хуҷанд субҳи имрӯз аз назди маҷмааи Ҳавзи шиноварӣ аз соҳили рости руди Сир то назди ҳукумати Хуҷанд воқеъ дар соҳили чапи дарё дар масофаи то 10 км баргузор гардид.
Онҳое, ки то охир ба марра расиданд бо диплом ва тӯҳфаҳои ҳукумати Суғд қадрдонӣ шуданд.