Макгрегор: Харков ва Одесса пас аз ҳамлаи ҷавобӣ ба дасти Русия меуфтад

Собиқ мушовири Пентагон ахиран гуфт, ки артиши Русия дар ҷавоби ҳамлаи ҷавобии артиши Украина минтақаҳои Харков ва Одессаро таҳти контроли худ мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи ҷавобии артиши Русия дар посух ба ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украина шаҳрҳои Харков ва Одесса таҳти назорати Русия қарор мегиранд.
Иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба суханони мушовири собиқи раҳбари Пентагон, полковник Дуглас Макгрегор.
Ба эътиқоди оқои Макгрегор, Киев охирин захираҳои инсонӣ, низомӣ ва фаннии худро масарф кардааст ва ба зудӣ наметавонад ба иқдомоти артиши Русия посухе диҳад.
"Ман ба ҷанги барқосо ё блицкриги ногаҳонӣ бовар надорам, аммо Одесса ва Харков ҳатман таҳти назорати Маскав хоҳанд афтид", - мегӯяд коршинос.
Макгрегор қайд кард, ки артиши Русия дидаву дониста ва бодиққат амал карда, аз мушакҳои дурпарвози дақиқ ва бартарии ҳавоӣ хуб истифода дорад.
Парчами Русия дар шаҳри пурра озодшудаи Бахмут е Артемовск – видео
Дар ҳамин ҳол, коршинос мутмаин аст, ки ҳамлаи нави нерӯҳои Русия бо озодкунии минбаъдаи Харков ва Одесса тақрибан ногузир аст.
Қаблан Макгрегор гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида Киевро дар назди интихоб мегузорад: музокирот дар бораи таслим шудан ё оғози ҳамла.
Маврид баз зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.