ДУШАНБЕ, 20 май— Sputnik. Сарпарасти вазорати тиҷорати Афғонистон Нуриддин Азизӣ ба Спутник гуфт, ки шуракое, ки ҳамроҳи ҳукумати толибҳо дар Афғонистон ҳастанд, монанди ширкати “Камаз”, “Астрос” “Афсутр” аст, ба қонуни мо муҳкам ҳастем, инҳо шарик ( Афғонистон ) мебошанд.
Азизӣ гуфт, ки дар маҷмаъи иқтисодии Санкт-Петербург, толибҳо даъват шудаанд.
"Аз сӯйи раисҷумҳури Русия даъвати шудем, як мушовири аршади раисҷумҳур моро даъват кард", - гуфт ӯ.
Як манба ҳамчунон ба Спутник мегуяд, ки толибҳо дар хусуси ҳузурашон то кунун тасмим нагирифтаанд.
Азизӣ дар хусуси тавофуқоти иқтисодӣ бо Русия, гуфт бахши хусусӣ дар ин самти фаъолият дорад.
Сарпарасти вазорати тиҷорат дар хусӯси тавофуқоти гузашта маводи нафтӣ ва гандум эълом кард, ки бахши хусусии Афғонистон дар ин самт фаъолият мекунанд, тавофуқот ҷараён дорад .
Вай афзуд, ки тавофуқоти гузашта аз тариқи бахши хусусӣ "ширкатҳои шахсӣ" ҷараён дорад ва кушиш дорем, ки барои шаҳрвандони фоидаи бештарии биёрем.
Ӯ таъкид дошт, ки дар зимистон танҳо дар Афғонистони нархи мавод боло рафт, дубора бо ширкатҳои пешин тамос барқарор кардем.
Доллар ҷойгоҳи худро дар мубодилоти иқтисодии Афғонистон ҳифз мекунад; Азизӣ таъкид кард, ки пас аз хуруҷи Амрико мушкиле надорем сарпарасти вазорати тиҷорат ба хабарнигори Sputnik Афғонистон дар хусӯси ин ки оё толибҳо мехоҳанд монанди кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар муомилоти тиҷоратӣ аз доллаа истифода накунанд гуфт, "кориро нахоҳем анҷом дод, ки ҳассосият ба ангез бошад, корҳои анҷом медиҳем, ки ҳама тармимӣ аст, аз ҷумла дар бахши иқтисодӣ.
Ӯ таъкид кард, ки толибҳо мухолифи ҳеҷ касе нестанд, пас аз ин ки Амрико аз Афғонистон хориҷ шуд, дӯстӣ бо ӯ мушкил нест.