Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия дар як рӯз 210 сарбоз ва зархариди украиниро маҳв карданд

Вазрати мудофиаи Русия аз идомаи амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хабар дода, омори талафоти сарбозону зархаридон ва муҳимоти ҷангии он кишварро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар самти Донетск давоми як шабонарӯз 210 сарбозу зархариди украинӣ кушта шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Русия зимни ироаи ҳисоботи якрӯзаи амалиёти вижа хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бар асари оташфишонии тӯпхонаҳо ва амалиёти фаъоли воҳидҳои гурӯҳи “Ҷанубӣ” ин теъдод низомиёни украинӣ кушта шуданд.
Ҳамчунин як танк, панҷ мошин, як тӯпхонаи худгардии “Краб”-и Лаҳистон ва як гаубитсаи Д-20 нобуд карда шуд.
Илова бар ин, ду анбори лавозимоти ҷангӣ ва аслиҳаи мушаку тӯпхонаи бригадаи 110-уми нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар наздикии шаҳраки Авдиевкаи Ҷумҳурии мардумии Донетск нобуд гардид.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кушта шудани 70 сарбози украинӣ ва зархарид дар Артемовск дар як шабонурӯз
Зимнан, дар самтҳои ҷануби Донетск ва Запороже воҳидҳои гурӯҳи нирӯҳои “Восток” дар давоми як рӯз то 85 низомии украинӣ, ду мошин ва як гаубитсаи Мста-Б –ро нобуд карда шуд.
Манбаъ меафзояд, дар давоми рӯз системаҳои дифоъи ҳавоӣ дувоздаҳ хумпораи HIMARS ва мушакҳои болдори дурпарвози Storm Shadow, инчунин як бомбаи ҳавоии идорашавандаи GBU-32-сохти амрикоиро маҳв карданд.
Илова бар ин, ҳаждаҳ ҳавопаймои бесарнишини украинӣ дар маҳалҳои аҳолинишини Верхнеторетское, Новоандреевка, Сладкоеи Ҷумҳурии Халқии Донетск, Кременная, Плошанка ва Новодружески Ҷумҳурии Мардумии Луганск нобуд карда шуд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти махсуси 428 ҳавопаймо, 234 чархбол, 4236 ҳавопаймои бесарнишин, 423 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 9236 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1100 мошини ҷангии чандкарата системаҳои мушакӣ, 4859 тӯп ва миномётхои саҳроӣ, инчунин 10322 воҳиди мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд гардиданд.