Русия омодааст содироти маҳсулоти металлургӣ ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад

Тоҷикистону Русия рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва як қатор лоиҳаҳои бузурги муштарак дар бахши саноатро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Русия омода аст, ба Тоҷикистон интиқоли маҳсулоти металлургӣ, кишоварзӣ, чӯб, маҳсулоти саноати кимиёӣ ва ҳамчунин нақлиётиро афзоиш диҳад.
Дар ин бора Марат Хуснуллин, муовини нахуствазири Русия дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон изҳор дошт.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди тиҷорат миёни кишварҳо, ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва як қатор лоиҳаҳои бузурги муштарак дар бахши саноат баррасӣ шуданд.
Ба гуфтаи Хуснуллин, ҳоло равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ тамоюли устувор мусбат нишон медиҳанд.
"Дар соли 2022 ҳаҷми муомилот то 1,4 млрд доллар афзоиш ёфт. Ин нисбат ба соли 2021 18% зиёд аст ва ин рекорд дар 20 соли охир аст. Содирот аз Русия тақрибан 20% афзуда, ба 1,3 миллиард доллар расид", — навиштааст муовини сарвазир дар канали Telegram-и худ.
Имзои созишномаи ҷадид миёни Тоҷикистон ва Русия - видео
Вай ҳамчунин афзуд, ки воридоти Русия 4% афзоиш ёфта, аз рӯи арзиш ба 103,3 миллион доллар расидааст ва ин “тамоюли мусбат”-и тиҷорати мутақобила дар соли ҷорӣ давом дорад.
"Ғайр аз ин, мо иқтидори назарраси афзоиши онро мебинем. Мо омодаем, ки интиқолро афзоиш диҳем", - гуфт Марат Хуснуллин.
Ёдовар мешавем, ки ин рӯзҳо дар Ҷумҳурии Тотористон форуми байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" ҷараён дорад.
Аз соли 2009 инҷониб он ба як платформаи бузург барои таҳкими робитаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ табдил ёфтааст.