ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Соҳибкорон аз Тоҷикистон натиҷаҳои кор бо платформаи соҳибкории хурду миёнаи Русияро (СХМ) мусбат арзёбӣ мекунад.
Ин нуктаро яке аз масъулони Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Алишер Тоҷиев зимни ҳамоиши байналмилалии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" баён дошт, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Коре, ки пойгоҳи соҳибкории хурду миёна кард, натиҷаи хуб дод. Барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна мо аз пойгоҳ истифода кардем ва барои хариди маҳсулот пешниҳодҳои ҷавобӣ ирсол кардем" - изҳор дошт Тоҷиев.
Тоҷиев афзуд, ки ба шарофати хизматрасонии ин пойгоҳ, имкон пайдо шуд, ки дар як моҳ 4 шартнома баста шаваду, ба ҷумҳурӣ маҳсулот ворид гардад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия шарики калонтарини тиҷории Тоҷикистон ва яке аз таъминкунандагони асосии маҳсулоти сохтмонӣ мебошад.
Ахиран мудири Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Гузел Майтдинова, изҳор дошт, ки Осиёи Миёна ба метал ва чӯбу тахта аз Сибир ниёз дорад.
Чӯбу тахта ва маҳсулоти металлургӣ дар баробари маводи сӯзишворӣ аз маҳсулоти аслии воридотии Тоҷикистон аз Русия ба шумор мераванд. Дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ асосан чӯб ва арматураи тавлиди Русия истифода мешавад.