ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Тоҷикистону Чин барои таҷдиди ширкати алюминии тоҷик "Талко" ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора, сарони ду кишвар: Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин зимни мулоқот ба мувофиқа расидаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
"Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар масъалаи таҷдиди ширкати алюминии тоҷик Талко чораҳои муштараки заруриро амалӣ созанд. Инчунин, барои бо мақсади татбиқи лоиҳаи роҳандозии истеҳсол ва таркиби электромобилҳо дар Тоҷикистон иқдомҳои лозимаро амалӣ намоянд", - омадааст дар хабарнома.
Баррасии ҳамкории ду кишварро аввал кишвардорон анҷом дода ва баъдтар дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Чин давом додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва ширкат дар нишасти якуми сарони давлатҳо дар ҳамоиши сатҳи баланди “Осиёи Марказӣ-Чин” изҳори сипос намудааст.
Дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки равобити ду кишвар босуръат рушд карда, намунаи равшани ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ ба хотири сулҳу субот дар минтақа мебошад.
Раҳмон аз дастгирии Чин ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтор, аз қабили тарҳҳои стратегӣ дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва саноат изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин, зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисоди сабз ва рақамӣ, инфрасохтор, электроэнергетика, сохтмону азнавсозии неругоҳҳои барқии Тоҷикистон ва бунёди хатҳои интиқоли барқро муҳокима намуданд.
Ҳамчунин ҷалби технологияи муосир ва истифодаи таҷрибаи Чин дар рушди саноати миллӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор, таъсиси ширкатҳои муштарак дар Тоҷикистон зарур хона шудааст.