Дар Маркази фарҳангӣ тоторҳо дар шаҳри Душанбе чорабинии хотирмон баргузор гардид, ки дар, ҷараёни он ба меҳмонон ва сокинони пойтахт урфу одат ва анъанаҳои асосии мардуми тотор намоиш дода шуд.
Рақсу суруд ва таомҳои болазат низ яке аз бахшҳои ҷолиби ин чорабинии фарҳангӣ буд.
Барои намояндагони ҷомеаи тотору бошкирдҳо, инчунин ҳамаи онҳое, ки ба фарҳанги сермиллати Русия таваҷҷӯҳ доранд, аз ҷониби мутахассисони Конгресси умумиҷаҳонии тоторҳои Қазон барномаи ҷолиб омода карда шуд, ки ар он хондани суруд, рақс, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши аксҳо баргузор шуд.
Мушовири Сафорати Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов дар бораи ҳамкориҳои стратегии Русия ва Тоҷикистон суханронӣ кард ва аз нақши дипломатияи мардумӣ, аз ҷумла саҳми аҳли санъат, олимон ва омӯзгоронро қайд кард.
“Меҳмонони мо аз Қазон намунаи ҳамин сиёсатанд", - гуфт дипломати рус.