Ҳамарӯза то 50 тонна зардолуи ноҳияи Ашт ба Русия ва Қазоқистон меравад - акс

Дар ноҳияи Ашт, 18 ҳазор гектар боғ мавҷуд буда, 16 ҳазор гектари он боғоти зардолу мебошад ва айни замон ҷамъоварии ҳосил идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳамарӯза тавассути беш аз 50 нақлиёти калони боркаш наздики 50 тонна зардолуҳои ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон фиристода мешавад.​
Дар ин бора, ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар ноҳияи Ашт бо ҷараёни ҷамъоварӣ, банду баст ва содироти зардолу шинос гардид, иттилоъ дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар зардолузори ноҳияи Ашт
Боғдорони ноҳия аз 10 май инҷониб чиниши зардолуи пешпазакро оғоз намудаанд ва маҳсулоти тару тоза ҳамарӯза содирот гардида истодааст.
Тибқи иттилои масъулин дар ноҳия 500 гектар боғи​ зардолуи пешпазак вуҷуд дошта, аз ин ҳисоб тибқи нақша бояд 5000 тонна зардолуи пешпазак содирот гардад.
Оғози савдои зардолуи тоҷикӣ ба Русия: Нархаш дар Тоҷикистон чанд аст?
Ҳамарӯза тавассути беш аз 50 нақлиёти калони боркаш маҳсулот ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон фиристода мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки банду басти зардолу дар корхонаи "Зардолу ва компания" барои содирот омода мешавад.
Зардолуҳои ноҳияи Ашт
Дар ин корхона, дар як шабонарӯз 50 тонна зардолу ба содирот омода карда мешавад.
Манбаъ афзуда, ки ҳосили имсолаи зардолу фаровон буда, дар асоси ҳисобҳои пешакии масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияи Ашт ҳосили интизорӣ 25 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.​