ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, дар ҷараёни сафараш ба Пекин гуфт, Тоҷикистон метавонад дар ояндаи наздик додугирифт бо Чинро то 3 миллиард доллар афзоиш диҳад.
Ҳамин тариқ, раҳбари кишвар дар мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян гуфт, ки табодули коло байни кишварҳо “пай дар пай дар ҳоли рушд аст”.
"Соли гузашта тақрибан 40% афзоиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли равон мо тамоюли мусбати онро қайд кардем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик мо метавонем ба ҳадафи 3 миллиард долларӣ расондани табодули коло муваффақ шавем", - гуфт президент. таъкид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат илова кард, ки тайи даҳ соли охир муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Ин шаҳодати ҳамсоягии нек, дӯстии самимӣ ва ёрии ҳамдигар мебошад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки бо пуштибонии ҳукумати Чин дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон чанд тарҳи бузурги зербиноӣ амалӣ шудааст.
“Онҳо ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъсири мусбат расониданд", - таъкид кард роҳбари давлат.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҳамкориҳои фаъоли минбаъда дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи иқтисоди "сабз" ва рақамӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.