Созиши Путину Раисӣ барои бунёди роҳи пайвандгари шимолу ҷануб

Хатсайри бунёдшаванда на танҳо муҳлати ҳамлу нақлро чандин баробар коҳиш медиҳад, балки арзиши он низ ба маротиб рақобатпазиртар хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, бо президенти Эрон, Иброҳим Раисӣ, дар маросими имзои созиш дар бораи бунёди роҳи оҳани Рашт-Астара ширкат карданд.
Аз ҷониби Русия созишномаро вазири нақлиёт Виталий Савелев ва аз ҷониби Эрон - вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон Меҳрдод Базрпаш имзо мекунанд.
Ба гуфтаи Путин, долони Шимол-Ҷануб, ки роҳи оҳани Рашт-Астараро шомил мебошад, имкон медиҳад, ки гардиши ҷаҳонии нақлиёт диверсификатсия шавад ва ҳамлу нақл дар ин масир афзалиятҳои рақобатӣ дошта бошад.
"Аз ҷумла, интиқоли мол аз Санкт-Петербург, гӯем, ба Мумбай тақрибан 10 рӯз давом хоҳад кард. Барои муқоиса мегӯям, ки вақти ҳамлу нақл тавассути хатсайрҳои анъанавии тиҷорат дар ин самт то 30-45 рӯзро ташкил медиҳад", - изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Иттиҳоди Маскаву Теҳрон ИМА-ро нигарон кардааст
Ба гуфтаи президенти Русия бунёди хатти мазкур, ҳам сарфаи вақтро таъмин мекунаду ҳам хароҷоти камтар хоҳад дошт.
Қобили зикр аст, ки Рашт – Астара охирин қитъаи масири ғарбии долони байналмилалии ҳамлу нақли "Шимол – Ҷануб" мебошад, ки барои пурра ба кор андохтани роҳи оҳан дар тамоми дарозии долон зарур аст.
Ин долон алтернативаи роҳи баҳриест, ки Аврупо, кишварҳои Халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳиндро тавассути канали Суэтс мепайвандад.
Се масири долони байналмилалии ҳамлу нақл вуҷуд дорад, ки ба он фарокаспий - бо истифода аз роҳҳои оҳан ва бандарҳо, ғарбӣ ва шарқӣ тариқи роҳҳои заминӣ мебошанд.