Сарвазири Тоҷикистон густариши тиҷоратро бо раисҷумҳури Тотористон баррасӣ кард

Бо вуҷуди он, ки тибқи омори ахир, муомилоти мол миёни ҷумҳуриҳо аз 30 млн доллари амрикоӣ бештар шудааст, зарфиятҳои зиёд барои густариш ҳанӯз боқӣ мондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тотористон, Рустам Миннихонов, дар Қазон бо нахуствазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, мулоқот анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тотористон, мулоқот дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии Қазон сурат гирифт. Зикр гардид, ки Қоҳир Расулзода барои ширкат дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum" дар Қазон қарор дорад.
Масъалаҳои асосии мулоқот марбути тиҷорату иқтисодиёт арзёбӣ шудаанд. Дар мулоқот дар мавриди табодули коло таъкид шудааст, ки на ҳамаи имкониятҳо ҳанӯз истифода шудаанд.
"Бо вуҷуди он ки гардиши молии мо афзоиш ёфта, аз 30 млн доллар гузаштааст, ҳаҷми он то ба ҳол ночиз боқӣ мемонад. Мо талош хоҳем кард, то ба маротиб афзоиш ёбад", - гуфт Миннихонов.
Ҳайати толибҳо ба форуми Қазон рафт
Ба гуфтаи ӯ, пас аз сафари моҳи март ба Тоҷикистон ба вазоратхонаҳои Тотористон ва ширкатҳои маҳаллӣ дастур додааст, ки барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Тотористон пешниҳодҳо ироа кунанд.
Расулзода дар навбати худ ба раҳбари Тотористон изҳори сипос намуда, саломи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба ӯ расонд.
Сарвазири Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки форуми Қазон имкониятҳои нав барои ҳамкорӣ фароҳам хоҳад кард.
"Аз ҷониби худ мо тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем, то тиҷоратро афзоиш диҳем", - таъкид кард Расулзода.
Маврид ба зикр аст, ки форуми Қазон даҳҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии даҳҳо кишвари ҷаҳонро гириди ҳам овардааст, ки ҳадафашон баррасии таҳкими ҳамкориҳо гуфта мешавад.