ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Стратегияи самарабахш ба низомиёни Русия дар Украина имкон дод, ки на танҳо ҳудудҳои ҶМД, ҶМЛ, вилоятҳои Запорожие ва Херсонро озод кунад, балки имкони ҳамлаи ҷавобии Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ғайриимкон кард, навиштааст муаллифи мақола Мухаммад Содик ал-Хусайнй дар рӯзномаи лубнонии “Al Binaa”.
Ба эътиқоди ӯ, тактики Русия дар ҷанг барои расондани хисороти ҳадди аксар ҳам ба нерӯҳои Украина ва ҳам ба Ғарб самарабахш будааст.
"Артиши Русия як стратегияи беназирро истифода мебарад. Як минтақаи стратегиро ба чанд бахш тақсим карда, ҳар яки онҳоро муҳосира мекунад ва сипас барои озод кардани онҳо амалиёт мегузаронад. Русҳо аслиҳа ва техникаи НАТО-ро ба онҷо интиқол медиҳанд, нобуд мекунанд ва кӯшиш мекунанд ки ин корро бо камтарин талафоти инсонӣ ва зарари моддӣ анҷом диҳанд”, - гуфтааст муаллиф.
Ал-Ҳусайнӣ аз ҷониби неруҳои Русия аз тахриби як анбори лавозимоти ҷангӣ дар наздикии Хмелницкий ва Николаев ситоиш кард.
"Ҳамлаи мушакӣ ба анборҳои дорои аслиҳаи ғарбӣ миёни генералҳои НАТО-ро шикаст, ки интиқоли аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва ҳайати низомиро барои "ҳамлаҳои ҷавобӣ" омода мекарданд, ва он аз ҷониби ситоди оперативӣ дар Варшава, Лвов ва Николаев идора мешуд. Артиши Русия дар ниҳоят ва бебозгашт имкони ҳар гуна "ҳамлаи ҷавобӣ"-и украиниро, ки ҳадафаш тағир додани тавозуни нерӯҳо дар майдони ҷанг буд, аз байн бурд", - хулоса кард ӯ.
Рӯзи чаҳоршанбе раиси ҷунбиши Запорожие "Мо бо Русия ҳастем" Владимир Рогов ба хабаргузории РИА “Новости” гуфт, ки мақомоти Киев ба далели хатари баланди нокомӣ амалиёти ҷавобӣ дар минтақаи Запорожиеро ба таъхир андохт.