ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар садр як ҳайати баландпоя вориди Қазон шуд, хабар додааст дафтари матбуоти раиси Тотористон.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон, Қоҳир Расулзодаро сарвазири Тотористон Алексей Песошин ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳадафи аслии сафар ширкат дар чорабиниҳои Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом. Форуми Kazan 2023" арзёбӣ шудаст.
Дар мавриди барномаи сафари Расулзода барои 17 май иттилоъ дода шуд, ки бо раиси Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот карда, аз Технопарки ба номи ба номи В. Башир Рамеев боздид мекунад.
Қаблан дафтари матбуоти форуми мазкур, дар феҳрасти иштирокдрон аз Тоҷикистон инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Палатаи савдо ва саноат, Ҷумахонзода Ҷамшед ва дигаронро ном бурда буд.
Ёдовар мешавем, Форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum" платформаи асосии ҳамкориҳои тиҷории Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом мебошад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни манотиқи Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 57 давлатро дар бар мегирад, мебошад.