Нархи рубл дар Тоҷикистон боз поинтар рафт

Аз аввали ҳафтаи равон нархи ҳазор рубли Русия дар Тоҷикистон ба андозаи 4 сомонӣ поин рафт. Дар зимн арзиши евро дар ҷумҳурӣ боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1 ҳазор рубли русиро дар ҷумҳурӣ 136 сомонӣ муқаррар кардааст, ки дар муқоиса бо нишондоди рӯзи қабл 1 сомонӣ поинтар мебошад.
Бар асоси нархномаҳои БМТ, аз аввали ҳафтаи равон арзиши ҳазор рубли Русия 4 сомонӣ поин рафт.
Нархи доллари амрикоӣ низ дар ҷумҳурӣ каме поин рафта, ба 10.9134 сомонӣ баробар шудаст.
Қурби евро бошад, бархилофи рубл ва доллар майли гароншавӣ дошта, ба иттилои БМТ дар зинаи 11.8814 сомонӣ қарор гирифтаст.
Ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ маълум шуд
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки 1 доллари ИМА аз 10.9134 то 10.9400 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Нархи харидуфурӯши ҳазор рубли русӣ дар бозори нақди Тоҷикистон аз 136 то 139 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод барои евро муодили 11.8814 то 12.1800 сомонӣ мебошад.
БМТ таъкид намудаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод ҳушдор додаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.