ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, 21 май дар вилояти Суғд Дави миллӣ доир карда мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин чорабинии варзишӣ дар маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд 21 май, соати 07:00 аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии "20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев доир мешавад.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ рӯзи 21 май пеш аз оғози баргузории Дави миллӣ марафони велосипедронӣ ташкил карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад.
Он дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 "Дар бораи Рӯзи дави миллӣ" ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.