Олими тоҷик: ИМА ба зӯргӯӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кардааст

Аҳамияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо оғози амалиёти вижаи низомии Русия ва суқути ҷаҳони якқутба беш аз пеш афзоиш ёфтааст, гуфт коршиноси тоҷик
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо забони таҳдид гуфтугӯ шурӯъ кардааст, изҳор дошт муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Вай дар доираи ҳамоиши Осиёи Марказӣ дар клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай", гуфт Осиёи Марказӣ бинобар мавқеъи ҷуғрофиёиаш ҳамеша дар маркази равандҳои геополитикӣ қарор дошт.
Авруосиё ширкатБа гуфтаи Ҳайдаров, бо оғози амалиёти вижаи низомӣ ва фурӯпошии ҷаҳони якқутба аҳамияти минтақа афзоиш ёфт.
Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ҳоло дар маркази таваҷҷӯҳи Ғарб қарор доранд, афзуд олими тоҷик.
Маскав гуфт, бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ паёми пайравӣ аз таҳримҳо медиҳанд
Вай таъкид намуд, ки ҷануб ва шарқи ҷаҳон аллакай аз ҷаҳони амрикомеҳвар хаста шудаанд.
"Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо он давлатҳое, ки ба рушду шукуфоии онҳо мусоидат мекунанд, равобити худро инкишоф медиҳанд", - афзуд ӯ.
Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки Русия барои таҳкими ҳамкориҳо формати "БРИКС ± Осиёи Марказӣ"-ро фаъол созад, ки ба гуфтаи ӯ ба фоидаи кор мебошад.
Маскав ахиран изҳор дошт, ки Ғарб Осиёи Марказиро танҳо як василаи боздоранда аз Русия ва Чин мавриди назар дорад. Таъкид шуд, ки Русия бошад нисбат ба мамлакатҳои Осиёи Миёна муносибати сифатан дигар, дар заминаи муштаракоти зиёди таърихию баробарӣ ва эҳтироми тарафайн дорад.