ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони "Дунёи саодат" ҷамъбаст гардид.
Даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Муовини вазири фарҳанг Давлат Сафарзода суханронӣ намуда, зикр кардааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ, баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ муҳиту заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони "Дунёи Саодат" дар Душанбе
© Вазорати фарҳанги Тоҷикистон
Дар даври ҷамъбастии фестивал ансамблҳои оилавии Неъматовҳо аз шаҳри Конибодом, Латиповҳо аз ноҳияи Мастчоҳ, Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Одинаевҳо аз ноҳияи Ишкошим, Раҳимовҳо аз шаҳри Роғун, Нуровҳо аз шаҳри Ҳисор ва оилаи Муродовҳо аз шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ карданд.
Онҳо аз рӯи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ баромад намуданд..
Ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони "Дунёи Саодат" дар Душанбе
© Вазорати фарҳанги ҶТ
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора, рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон мебошад.
Ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони "Дунёи Саодат" дар Душанбе
© Вазорати фарҳанги ҶТ
Дар фарҷом ба ҳамаи ширкаткунандагони ҷашнвора, Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тақдим гардидааст.