Маскав гуфт, бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ паёми пайравӣ аз таҳримҳо медиҳанд

Ноиби вазири умури хориҷии Русия таъкид намуд, ки Ғарб кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун василаи боздорандаи Маскав мавриди назар дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ зидди Русияро пайравӣ намоянд.
Дар ин бора муовини вазири умури хориҷии Русия, Михаил Галузин дар доираи клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ин дипломат, бархе аз шарикон аз Осиёи Марказӣ возеҳ мегӯянд, ки омода нестанд ба таваккал даст зананд ва метавонанд ба таҳримҳои Ғарб бипайванданд.
Вай мушаххас нагуфт, ки сухан дар бораи кадом ҷумҳуриҳо меравад, аммо таъкид намуд, ки Русия тасмим гирифтааст, шарикии стратегии худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста таҳким бахшад.
Путин афзалиятҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои собиқ шӯравиро гуфт
Ӯ афзуд, ки Ғарб Осиёи Марказиро танҳо як василаи боздоранда аз Русия ва Чин мавриди назар дорад.
Галузин таъкид намуд, ки Русия бошад нисбат ба мамлакатҳои Осиёи Миёна муносибати сифатан дигар дорад.
"Барои мо ин минтақаи наздик мебошад, ки моро муштаракоти зиёди таърихӣ, муносибатҳои баробарию судманди бисёрсатҳа мепайвандад", - таъкид намуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ бо аъзои Шӯрои амният густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравиро баррасӣ намуда, афзуд, ки бартариятҳои зиёде барои таҳкими ҳамкориҳо вуҷуд доранд.