ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Рӯзҳои 17-18 май ҳаво дар Тоҷикистон номусоид хоҳад шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносӣ.
"Боронҳои шадид, раъду барқ, резиши санг ва лағжиши тармаву ярч дар назар аст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ афзуд, дар ин рӯзҳо, дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар ба истиснои ВМКБ, эҳтимоли хатари ногаҳон боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз ҷануби водии Ҳисор ҷорӣ мешаванд - дарёҳои Ёхсу ва Қизилсу вуҷуд дорад.
Дар роҳҳои кӯҳӣ бошад, хатари лағзиши тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳои пурбориш ва хатарзо аз сафарҳо ба соҳили дарёву обанборҳо ва кӯлҳо худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин ба таъхир андохтани сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ тавсия дода мешавад.
Дар баробари ин, Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёт кунанд, аз рафтан ба доманакӯҳҳову даштҳо барои ҷамъоварии занбурӯғ, алафу гиёҳҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор, молчаронӣ ва ғайра худдорӣ намоянд.
Ғайр аз ин Кумита ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳо аз аҳолӣ даъват кардааст, ки сари вақт ҷӯву селроҳаҳо, соҳили рӯдхонаҳо, каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо тоза кунанд.