ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тоҷикистон, дар симои Туркия ба шарике ниёз дорад, ки ба мавҷудияти осоишта ва ҳамсоягии неки кишварҳои Осиёи Марказӣ дахолат накунад.
Ин андешаро ба Sputnik Тоҷикистон номзади улуми сиёсӣ Абдуғанӣ Муҳаммадазимов дар посух ба суоли интихоботи Туркия баён дошт.
Дар ҳамин ҳол, Туркия дар солҳои охир бо ҳар роҳ талош мекунад, ки кишварҳои туркии минтақаро дар инзиво қарор диҳад, ки ин ба манфиатҳои умумии кишварҳои маҳаллӣ ҷавобгӯ нест, гуфт ӯ.
"Туркия як бозигари ғайриминтақавӣ аст ва наметавонад дар ин ҷо нақши муҳим ва ҳалкунанда дошта бошад, масалан чун Русия ва Чин", - гуфт Муҳаммадазимов.
Аммо, дар баробари ин Эрдуғон ба ҷомеаи мазҳабӣ ва этникӣ такя карда, як бозии мустақил дошт, дар ҳоле, ки раҳбари ғарбгарои Туркия метавонад роҳи дигарро пеш гирад.
"Бо омадани як раҳбари ғарбгаро, Туркия метавонад як унсури амрикоиро дар сиёсати Осиёи Марказӣ ҷойгир кунад, ки метавонад Русия ва Чинро ҳассос созад", - гуфт ӯ дар шарҳи он, ки аз номзади мухолифи Эътилофи Халқӣ Камол Қиличдароғлу чиро интизор шудан мумкин аст.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин бармеояд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама Тоҷикистон, ба чунин ашхос ниёз надоранд.
"Ба мо шарике лозим аст, ки ба зиндагии осоишта, чандинасра ва неки ҳамсоягии мардуми минтақа дахолат накунад. Вай набояд ба равобити онҳо бо Русия, Чин, Эрон халал расонад", - афзуд коршинос.
Ба гуфтаи Муҳаммадазимов, интихобот дар Туркия рақобати ду лагер: ихвонистҳо – исломгароён ва ғарбиҳо – камолистҳост. Вай тавзеҳ дод, ки Эрдуғон ба ҷараёни интихобот дахолат накардааст, аз фишангҳои маъмурӣ истифода накардааст, бинобар ин ҳама интиқодҳо дар бораи авторитаризми ӯ, барбод рафтанд.
"Агар дахолати мақомот мешуд ва ҳадди ақал ду дарсад илова мекарданд, мо натиҷаҳои комилан дигарро медидем. Даври аввал демократӣ ва шаффоф гузашт. Пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки даври дуввум чӣ гуна мегузарад. Интрига боқӣ мемонад”, - гуфт Муҳаммадазимов.
Дар маҷмӯъ, даври дуюм аз қутббандии ҷомеаи Туркия шаҳодат медиҳад, афзуд коршинос.
"Қисме аз туркҳои нимааврупоӣ ё наздиктар ба ҷомеъаи аврупоӣ аз будубоши тӯлонии Эрдуғон дар қудрат хаста шудаанд. Ӯ тақрибан 20 сол боз сари қудрат аст", - гуфт сиёсатшинос.
Интихобкунандагони асосии ӯ дар музофотҳо ё дар минтақаҳо ҷойгиранд.
Коршинос бар ин назар аст, ки агар ришвахорӣ дар шаҳрсозӣ ддар паи заминларза ошкор намешуд, Эрдуғон метавонист дар даври аввал пирӯз шавад.
Аммо, тавре Муҳаммадазимов таъкид мекунад, набояд нодида гирифт, ки дар замони Эрдуғон Туркия бо вуҷуди узви НАТО будан, аз ИМА ва Ғарб истиқлолияти бештаре ба даст овард ва ба як бозигари хеле муҳим табдил ёфт.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин чиз аксарияти интихобкунандагонро рӯҳбаланд мекунад. Гузашта аз ин, ҳаваси рақибаш ба Аврупову Амрико шояд ин аксариятро хуш накунад.