ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи вижаи президенти ҷумҳурии Корея, котиби калон оид ба стратегияи оянда Ҷанг Сангмин густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Душанбе ва Сеул мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаст, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо Корея баҳои баланд медиҳад. Вусъат додани муносибатҳо бо Корея самти муҳими сиёсати берунии кишвари мо мебошад, афзудаст ӯ.
Инчунин дар рафти мулоқот муносибатҳои Тоҷикистону Корея дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалию ниҳодҳои молиявӣ, баррасӣ шуд.
"Ба нақши Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ҳамчун майдони муҳимми ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ судовар номида шуд. Таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои дигаре хонда шуд, ки барои ҳар ду кишвар судовар мебошанд, омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд, таъкид намуд дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.